Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози мухолифини Украина ба муомила бо Маскав


Вакилони мухолиф дар парлумони Украина имрӯз пешнависи қонунеро тасвиб карданд, ки лағви қарордоди тамдиди замони иҷораи пойгоҳи баҳрии Русия дар Севастопол то 25 соли дигарро тақозо мекунад. Аммо баъид аст, ки ин тарҳ, ки дар остонаи вуруди сарвазири Русия Владимир Путин ба Украина рӯи кор омадааст, аз ҷониби парлумони аксаран ҷонибдори раисиҷумҳур Виктор Янукович пазируфта шавад.
Раҳбарони мухолифин мегӯяд, тамдиди замони қарордоде, ки соли 2017 ба поён мерасид, касби назорат бар қаламрави Украинаро ба ҳадаф дорад.
XS
SM
MD
LG