Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тӯҳфаи шаҳрдории Душанбе ба собиқадорони ҷанг


Шаҳрдории Душанбе ба шарафи солгарди 65-уми пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ барои қариб 1 500 нафар аз ҳисоби будҷаи пойтахт наздики 1 миллион доллар ҷудо кардааст. Гуфта мешавад, ба собиқадорони ҷанги дуввуми ҷаҳон ва ҳамин тавр, барои аҳли хонаводаи онҳое, ки “дар роҳи барқарор кардани сохти конститутсионии Тоҷикистон” ҷон бохтаанд, ба маблағи 450 сомонӣ, муодили беш аз 100 доллар тӯҳфа дода хоҳад шуд. Феълан дар шаҳри Душанбе ҳамагӣ 260 собиқадори Ҷанги бузурги ватанӣ ба сар мебарад.
Дар ҷанг алайҳи Олмони фашистӣ дар маҷмӯъ аз Тоҷикистон беш аз 300 000 нафар ширкат варзида, 92 000 нафари онҳо дар ин ҷанг ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG