Пайвандҳои дастрасӣ

Иқдоми Бишкек дар пайи бурузи полио дар Тоҷикистон


Вазорати беҳдошти Қирғизистон дар пасманзари бурузи дигарбораи бемории полиомелит дар Тоҷикистон тадобири назоратиашро тақвият додааст. Бино ба хабарҳо, дар ҷанубуғарби Тоҷикистон, дар навоҳии ҳаммарз бо Афғонистону Узбакистон, 128 мавриди сироят ба полиомелит сабт шуда, дар 10 маврид мунҷар ба ҳалокати атфол шудааст. Полиомелит бемории сироятиест, ки ба атфол асобат мекунад.
ЮНИСЕФ, Сандуқи кӯдаки СММ ахиран хабар дод, ки барои эм кардани беш аз 1 миллион кӯдаки то панҷсола ба Тоҷикистон 4 миллион воксин хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG