Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Захираи тилову асъори Душанбе 10 фоиз афзудааст


Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, захираи тилову асъори кишвар дар 3 моҳи аввали соли ҷорӣ 9,8 дарсад афзуда, ба 385,8 миллион доллар расидааст. Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллӣ гуфт, ин афзоиш 40 дарсад аз ҳисоби хариди асъори хориҷӣ таъмин шудааст.
Ӯ афзуд, таҳвили пули муҳоҷирон имсол 5,6 дарсад афзуда, дар семоҳаи аввал 294 миллион долларро ташкил дод.
Низоми бонкии Тоҷикистон феълан 14 бонк ва 123 муассисаи молии ғайрибонкиро дар бар мегирад.
XS
SM
MD
LG