Пайвандҳои дастрасӣ

Қарзи Тоҷикистон беш аз 1,7 миллиард $ шудааст


Ҳаҷми қарзҳои хориҷии Тоҷикистон то 1 апрел ба 1 миллиарду 712 миллион доллар баробар шудааст, ки муодили қариб 35 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии кишвар аст.
Вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов гуфт, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ қарзҳои хориҷии Душанбе ба маблағи 188 миллион доллар афзудааст. Оқои Наҷмиддинов ҳадди ниҳоии ҷалби қарзҳои хориҷиро дар ҳадди 40 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ баровард кард ва гуфт, Тоҷикистон, ба ин тартиб, метавонад ба маблағи муодили 5 фоизи ин нишондиҳанда қарзҳои нав дарёфт кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG