Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ӯш Кумитаи дифоъ аз Қурмонбек Боқиев таъсис ёфт


Дар шаҳри Ӯш, ҷануби Қирғизистон, Кумитаи дифоъ аз президенти барканоршудаи ин кишвар Қурмонбек Боқиев таъсис ёфт. Ҳомии ҳуқуқи инсон Толон Дийконбоев ба Радои Озодӣ гуфт, ҳадафи асосии созмони нав ба мардум расондани ин ҳақиқат аст, ки Боқиев ба таври ғайриқонунӣ барканор шуд ва ҳукумати муваққати Қирғизистон ниҳоди қонунӣ нест. Вай афзуд, созмони нав ба Боқиев кӯмак хоҳад кард, ки ба Қирғизистон баргардад. Президенти барканоршудаи Қирғизистон бар асари нооромиҳои оммавии 7 ва 8-уми апрел аз кишвар фирор кард ва ҳоло дар Беларус ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG