Пайвандҳои дастрасӣ

Ирсоли таъҷилии 4 млн эми зидди полио ба Тоҷикистон


Бунёди кӯдаки Созмони Милали Муттаҳид ё Юнисеф ва Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба таври таъҷилӣ ба Тоҷикистон 4 миллион адад эми зидди фалаҷи кӯдак ё полиомелит тақдим карданд. Намояндаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳадияи ду созмони байнулмилалӣ рӯзи 27-уми апрел ба кишвар хоҳад расид. Бар асари полиомелит дар Тоҷикистон дар се моҳи авали сол 10 кӯдак ба ҳалокат расида, куллан 120 кӯдак гирифтори ин бемориянд. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон аз соли 2002 ба ин сӯ кишвари озод аз полиомелит шумурда мешуд.
XS
SM
MD
LG