Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чернобил баъди 24 сол


Чернобил, маҳалли мудҳиштарин фоҷеаи ҳастаии ҷаҳонӣ акнун ба макони зиёрат аз фоҷеа табдил шудааст. Ин фоҷеаи бузурги инсонӣ дар соли 1986 ба вуқӯъ пайваст, ки ҳазорон нафар кушта ва маҷрӯҳ гузошт.

Бо пардохти пули андак ва ночизе саёҳони ҳангоматалаб бо ҳамроҳии як роҳбалад, дастгоҳи ташхиси мизони радиатсияро бо худ гирифта, ҳаёти худро ба хатар мегузоранд ва аз шаҳри Припяти Украина дидан мекунанд.

Ин шаҳр, ки замоне 50 000 сокин дошт, акнун аз хонаҳои бузург ва майдонҳои бозии холимонда иборат аст.

Ҷо - ҷое сагу гурбаи велгард, мошину дастгоҳҳои аз кормонда низ дар ҷодаҳои ин шаҳр ба чашм мерасад.


XS
SM
MD
LG