Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати фармондеҳи аршади Толибон дар Кундуз


Паймони Атлантики Шимолӣ ё НАТО мегӯяд, як фармондеҳи аршади Толибон ва ба камияш ду ёвари ӯ дар як зарбаи ҳавоӣ дар вилояти шимолии Кундуз кушта шудаанд. Волии Кундуз ин фармондеҳро Мулло Ёрмуҳаммад ном бурдааст, ки субҳи имрӯз дар ноҳияи Арчӣ 30-километрии шимолушарқи Кундуз ҳадаф қарор гирифтааст. Вай гуфт, чаҳор нафари дигар, ки фармондеҳро ҳамроҳӣ мекарданд, низ кушта шудаанд. Ахиран вазъ дар Кундуз ноором буда, дар даргириҳои ин минтақа дар моҳи гузашта 9 сарбози олмонӣ ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG