Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари ҳайати давлатии Тоҷикистон ба Тошканд


Сафари ҳайати расмии Тоҷикистон ба Тошканд барои ширкат дар ҷаласаи кумиссюни байнидавлатии Тоҷикистону Узбакистон имрӯз оғоз ёфт. Ба ин ҳайат муовини сарвазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон сарварӣ карда, ӯро дар сафар раиси ширкати “Барқи тоҷик” Абдулло Ёров, вазири об ва обёрӣ Раҳмат Бобокалонов, ноиби вазири корҳои хориҷӣ Маҳмудҷон Собиров ва раиси ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" Амонулло Ҳукуматулло ҳамроҳӣ мекунанд. Ин ҳайат қарор аст, масъалаҳои зиёде марбут ба равобити байни ду кишвар, аз ҷумла ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон аз роҳи оҳани Узбакистон, интиқоли барқи Тоҷикистон ба Узбакистон, баррасӣ хоҳанд шуд. Тоҷикистон мегӯяд наздику ба се моҳ аст, вагонҳои Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон дармондаанд. Узбакистон ин вазъро як мушкили фаннӣ унвон кардааст, аммо дар Тоҷикистон бар инанд, ки кишвари ҳамсоя бо ин роҳ мухолифаташ ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғунро баён медорад. Ин сафар дар ҳоле ҷараён мегирад, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш гуфт, кишвараш нигарониҳои Узбакистонро ба хубӣ дарк мекунад.
XS
SM
MD
LG