Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия вазири собиқи қирғизро боздошт ва ихроҷ кард


Собиқ вазири умури дохилии Қирғизистон, Молдомӯсо Конгантиев дар Маскав боздошт шуда, ба Қирғизистон ихроҷ гардид. Ноиби раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон, Асмосбек Атамбоев тасдиқ кард, ки Конгантиев ҳоло дар маҳбаси Бишкек аст. Вай афзуд, тафсилоти боздошт ва истирдоди Конгантиевро намедонад, аммо аз мақомоти Русия барои ин кӯмак сипосгузор аст. Конгантиев пас аз хабарҳои латукӯб шуданаш дар Бишкек дар рӯзҳои нооромиҳои оммавии 7 ва 8-уми апрел нопадид гашта буд.
XS
SM
MD
LG