Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши сарони мазҳабии ҷаҳон дар Боку


Дар Боку ҳамоиши байнулмилалии сарони мазҳабӣ оғоз ёфт, ки ба баррасии нақши дин дар ҷомеа ихтисос хоҳад ёфт. Раисиҷумҳури Озарбойҷон, Илҳом Алиев, дар ифтитоҳи нишаст изҳори умедворӣ кард, ки кишвараш бо ин талошҳо ба яке аз марказҳои муколамаи адён табдил хоҳад ёфт.

"Озарбойҷон як пули табиӣ дар байни Аврупо ва Осиёст. Намояндагони адён ва ақвоми мухталиф қарнҳост, дар Озарбойҷон паҳлуи ҳам кору зиндагӣ мекунанд. Ман умедворам, рӯзе мерасад, ки Боку пойтахти фарҳангии Аврупо мешавад. Ва ин ба рушди равобити Озарбойҷон бо ҷаҳони насронӣ ва ислом кӯмак хоҳад кард."


Дар ҳошияи нишаст раҳбари калисои православии апостолии Арманистон Гургин 2, патриархи ҳамаи Русия Кирил ва сарвари шиъагони Озарбойҷон, шайхулислом Оллоҳшукур Пошозода баргузор хоҳад шуд. Кирил гуфтааст, ҳадаф аз мулоқоти сеҷониба пешбурди ҳалли сулҳомези низоъ миёни Арманистон ва Озарбойҷон дар масъалаи Кӯҳистони Қарабоғ аст.
XS
SM
MD
LG