Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтушуниди Карзай ва Сингҳ дар Деҳлии Нав


Сарвазири Ҳиндустон, Маҳмоҳан Сингҳ ва президенти Афғонистон, Ҳомид Карзай, дар Деҳлии Нав муносибатҳои байни Ҳинду Афғонистонро калиди амнияти минтақаӣ номиданд. Ҳинд дар умури бозсозии Афғонистон нақши азим дорад ва аз замони барканории Толибон то ҳоло ба ин кишвар дар ҳаҷми 1 миллиард доллар кӯмак кардааст. Наздик ба 4 ҳазор шаҳрванди Ҳиндустон дар Афғонистон роҳу биноҳо ва хатҳои барқ месозанд. Онҳо ҳамчунин ба сохтани бинои нави порлумони Афғонистон машғуланд. Гуфтугӯҳо дар Деҳлии Нав пас аз ду моҳи ҳамлаи худкушонае сурат мегиранд, ки бар асари он дар Кобул 9 коргари ҳинд ба ҳалокат расиданд. Мақомоти Ҳинд созмони Лашкари Тойибаро, ки дар Покистон мустақар аст, масъули ин ҳамла медонанд.
XS
SM
MD
LG