Пайвандҳои дастрасӣ

Асари Темур Зулфиқоров ба ҷоизаи Нобел пешбарӣ шуд


Асари нависандаи тоҷикиасли Русия Темур Зулфиқоров "Истода ва гирён дар миёни обҳои равон" аз тарафи нашриёти "Художественная литература"-и Маскав ба дарёфти Ҷоизаи Нобел дар адабиёт пешбарӣ шуд. Ин китоби Зулфиқоров ба достони ишқе дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон бахшида шудааст. Раиси ширкати нашаротии "Тоҷинфо" Муҳаммади Эгамзод ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, чанде пеш бо кӯмаки тоҷири саршиноси Русия, Алишер Усмонов куллиёти осори Темур Зулфиқоров дар ҳафт ҷилд ба чоп расид ва ба китобхонаҳои оммавии Русия тақдим гашт. Темур Зулфиқоров дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, дар Русия зиндагӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG