Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 1,7 миллиард расид


Вазири молияи Тоҷикистон, Сафаралӣ Наҷмиддинов гуфт, воми хориҷии давлати Тоҷикистон то аввали апрели соли равон 1 миллиарду 712 миллион доллар ва ё 34,9 дарсади даромади нохолиси миллии кишварро ташкил додааст. Вай афзуд, қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳи аввали сол 188 000 доллар бештар шуд. Вазири молия ин афзоишро ба коҳиши рушди иқтисодӣ дар кишвар бастагӣ дод ва афзуд, бархӯрди нав ба идораи воми хориҷӣ, яъне такияи бештар ба грантҳо, ба кишвар имкон медиҳад, ҳаҷми умумии қарзро тадриҷан коҳиш диҳад.
XS
SM
MD
LG