Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари ҳайати Тоҷикистон ба Тошканд


Имрӯз, 26 апрел, як ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон бо сарварии Муродалӣ Алимардон, муовини сарвазир ба манзури анҷоми музокира бо мақомоти Узбакистон озими Тошканд мешавад. Хабаргузории “Ховар” иттилоъ медиҳад, ки Алимардон бо муовини нахуствазири Узбакистон Рустам Азимов мулоқот хоҳад кард.

Ба ин ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон Абдулло Ёров, раиси ширкати “Барқи тоҷик”, Раҳмат Бобокалонов, вазири об ва обёрӣ, Маҳмудҷон Собиров, муовини вазири корҳои хориҷӣ ва Амонулло Ҳукуматулло, раиси ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" шомиланд.

Ин ҳайат қарор аст, масоили мавҷуд миёни ду кишвар, аз ҷумла масъалаи интиқоли молу коло ва вагонҳои Тоҷикистон аз қаламрави Узбакистонро баррасӣ кунад.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар шаҳри Тошканд ҷаласаи камисиюни муштараки ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Узбакистон доир мешавад.

Тоҷикистон мегӯяд аз ду моҳ ба ин ҷониб дар нақли вагонҳои Тоҷикистон аз қаламрави Узбакистон мушкил пеш омадааст. Ва садҳо вагони ҳомили бори Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон маътал мебошад.

Узбакистон пеш омадани ин чунин вазъро як мушкили фаннӣ унвон карда ва гуфтааст, роҳҳои оҳанаш имкони нақли сареъи ин вагонҳоро надорад.


Тафсилоти бештар:

«Муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон» тавассути Узбакистон

Алимардон барои вагонҳо ба Тошканд меравад



XS
SM
MD
LG