Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони порлумон ба мулоқоти мардум мераванд


Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тасмим шудааст, то дар даҳаи аввали моҳи май вакилони мардумӣ бо интихобкунандагон дидорҳо дошта бошанд ва дар он дидорҳо «моҳият ва мазмуну мўҳтавои паёми президент»-ро ба мардум фаҳмонанд. Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон ба торнамои Озодӣ гуфт, вакилони порлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи худ ҳамчунин лоиҳаҳои қонун ва қарорҳоро дар мавзӯъоти мухталиф барасӣ кардаанд. Аз ҷумлаи ин баррасиҳо лоиҳаҳои ворид кардани тағйирот ба қонунҳо дар бораи буҷа, маориф, ипотека, иттилооти махфӣ, паррандапарварӣ, барӯйхатгири аҳолӣ, омор, кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва ғайра будаанд.
XS
SM
MD
LG