Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди духтарони заҳролудшуда ба 80 расид


Мақомоти Афғонистон ба таҳқиқи ҷузъиёти барқасдона заҳролуд кардани ҳудуди 80 духтари толибилм пардохтаанд. Мавриди охир ҳокии бо ҳамин иллат ба бемористон мунтақил шудани боз 13 духтар дар вилояти Қундуз аст.

Ҳумоюни Хомӯш, мудири бемористони марказии вилоят, гуфт, ин духтарон бо аломатҳои дарди сар, табларза ва дилбеҳузуршавӣ бистарӣ шуда, вале вазъашон феълан мӯътадил аст.

Дар ҳафтаи гузашта ибтидо ҳудуди 20 духтар ва рӯзи шанбе 47 духтару 3 омӯзгори онҳо бо айни аломатҳо ба бемористони Қундуз оварда шуданд.

Мавридҳои ҳамла ба духтарони толибилм дар Афғонистон дар гузашта низ борҳо ба чашм расидааст.

Баҳори соли гузашта ҳудудан 90 шогирди як мактаби духтаронаи Афғонистон мавриди ҳамлаи газӣ қарор гирифта буданд. Қабл аз он ду ҳамлаи дигари газӣ болои мактабҳои духтаронаи воқеъ дар наздикии шаҳри Чорикор рӯй дода буд.
XS
SM
MD
LG