Пайвандҳои дастрасӣ

Давлаталӣ Шамсов, хабарнигори телевизиони вилоятии «Хатлон», дар марафони байнулмилалӣ бахшида ба 65-солагии Рӯзи ғалаба бар фашизм дар шаҳри Маскави Русия мақоми сеюмро касб кард.

Дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ ба масофаи 42 километру 195 метр, ки 25-уми апрел бо ширкати беш аз 270 варзишгари синнашон аз 50-сола боло аз Русия, Беларус, Укроин, Молдова, Тоҷикистон, Узбакистон, Фаронса ва ғайра баргузор шуд, Давлаталӣ Шамсов бо натиҷаи 4 соату 12 дақиқаю 01 сония пас аз намояндагони Русия сеюмин шуда ба марра расид. Ӯ бо медали биринҷӣ, ифтихорнома ва нишони ҷашнии "65-солагии Ғалаба бар фашизм" сарфароз гашт.

Николай Чекиев (шаҳри Торжоки Русия) бо натиҷаи 4 соату 10 дақиқаю 17 сония ғолиби мусобиқаи байнулмилалӣ шуд. Владимир Синитсини москвагӣ бо натиҷаи 4 соату 11 дақиқаю 53 сония мақоми дуюмро касб кард.

Давлаталӣ Шамсови 57-сола, ки узви Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон мебошад, аз шаҳри Маскави Русия тавассути телефон ба радиои Озодӣ гуфт, вай барои бори ҳафтум дар дави марафонӣ ширкат варзид. Натиҷаи беҳтаринаш пеш аз ин мусобиқа 4 соату 33 дақиқаю 30 сония буд, ки соли гузашта дар дави марафонӣ дар пойтахти Русия нишон додаааст.

Ба гуфтаи оқои Шамсов ба бориши жолаи сахт нигоҳ накарда, ширкаткунандагони марафони имсола, ки мақоми байнулмилалиро касб кардааст, натоиҷи баланд нишон доданд, вале 19 нафар то марра нарасиданд.

«Ба ин натиҷаи баланд, - бо хурсандӣ иброз дошт хабарнигори тоҷик, - ман бо дастгириии ҳамдиёронам, ки дар ҳамин ҳол дар Маскав ба сар мебаранд ва дар даст Парчами давлатии Тоҷикистон маро дастгирӣ карданд, ноил шудам».

Ёдовар мешавем, Давлаталӣ Шамсов, ҳамчунин, 11-уми апрели соли равон дар мусобиқаи байнулмилалии «Инсон ва кайҳон» ба муносибати Рӯзи кайҳоннавардон дар шаҳри Королёвои вилояти Маскави Русия дар пойга ба масофаи 10 километр бо натиҷаи 1 соату 7 сония байни беш аз 600 варзишгар аз Русия, Беларус, Укроин ва якчанд кишварҳои африқоӣ мақоми дуюмро касб карда буд.
XS
SM
MD
LG