Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чавес ҳушдори генералро нодида гирифт


Раисиҷумҳури Венесуэла Ҳуго Чавес ҳушдори генерали мустаъфӣ Антонио Риверо дар бораи ҳузури фазояндаи Куба дар сохторҳои низомии ин кишвари Амрикои лотиниро бепоя хонд. Генерал Риверо дахолати фарогири низомиёни Куба дар умури низомии Венесуэларо маҳкум карда буд. Аммо Чавес гуфт, кубоиҳо танҳо ба сурати маҳдуд ба сарбозони Венесуэла кӯмак мерасонанд. Раҳбарони мухолифин дер боз Чавесро муттаҳам мекунанд, ки мақомҳои баланд дар ниҳодҳои низомиву давлатиро ба мушовирон ва ходимони кубоӣ месупорад.
Шарҳи муфассали генерал Риверо роҷеъ ба мизони дахолати Куба ва эътибори баланди ӯ дар миёни ҳалқаҳои низомӣ бар ин нигарониҳо боз ҳам меафзояд.
XS
SM
MD
LG