Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари рӯҳонии Арманистон ба Боку сафар мекунад


Раҳбари калисои Арманистон католикос Гарегини дуввум имрӯз барои нахустин бор ба Озарбойҷон сафар мекунад. Дафтари матбуоти калисо гуфтааст, Гарегини дуввум ба манзури ширкат дар як ҳамоиши раҳбарони рӯҳонии дунё ба Боку меравад ва ин сафар бо даъвати раҳбари собиқадори шиъаҳои озарӣ шайх-ул-ислом Оллоҳшукур Пошозода ва асқафи калисои православии Русия патриарх Кирилл сурат мегирад.
Дар анҷумани Боку беш аз 150 раҳбари рӯҳонии ҷаҳон ширкат хоҳанд варзид.
XS
SM
MD
LG