Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Душанбе аз фаъолияти ҷангиён дар Қундуз


Сафири Тоҷикистон дар Кобул Шарофуддин Имомов дар мулоқот бо ноиби раисиҷумҳури Афғонистон Муҳаммадқасими Фаҳим гуфтааст, ки фаъол шудани ҷангиёни мусаллаҳ дар шимоли ин кишвар мояи нигаронии Душанбе шудааст. Ношири хабар, ожонсии “Бохтар” меафзояд, ки Шарофуддин Имомов хостори тақвияти иқдомоти давлати Афғонистон ҷиҳати таҳкими субот дар манотиқи шимол ва ҳам дар амри мубориза бо қочоқи маводи мухаддир шудааст.
Кобул мегӯяд, аз рӯзи ҷумъа ба ин сӯ дар ҷараёни набардҳо дар вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Қундуз ҳудуди 30 чирикӣ кушта шуданд. Тоҷикистон бо Афғонистон қариб 1400 километ марзи муштарак дорад.
XS
SM
MD
LG