Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машқи мушакии Сипоҳ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз


Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дирӯз дар ҷараёни машқҳои низомӣ дар давру бари гулӯгоҳи аз ингоҳи стротежӣ хеле муҳими Ҳурмуз 5 мушакро шиллик кард. Хабаргузории Форснюс мегӯяд, ин мушакҳои замин-ба-замин ва замин-ба-баҳр ҳамагӣ ба як ҳадаф асобат кардаанд. Машқҳои Сипоҳ дар халиҷи Форс ва гулӯгоҳи Ҳурмуз дар ҳоле мегузаранд, ки таниши байни Ғарбу Эрон бар сари фаъолиятҳои ҳастаии Ҷумҳурии исломӣ шадидтар шудааст.
Пентагон дар ҳафтаи гузашта гуфт, ҳарчанд Вошингтон ба манзури қатъи фаъолиятҳои баҳсбарангези ҳастаии Эрон роҳҳои дипломатӣ ва таҳримотиро таъқиб мекунад, аммо имкони ҳалли низомии масъала ҳанӯз матраҳ ҳаст.
Ғарб мегӯяд, ҳадафи Эрон аз ин фаъолиятҳо сохтани силоҳҳои ҳастаист. Эрон ин иддаоро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG