Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди тунди Лукашенка аз Русия


Раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка Русияро интиқод кард, ки барои пойгоҳҳои низомиаш ба кишвари ӯ пуле пардохт намекунад. Ӯ таъкид ба тавофуқи ахири Украина бо Маскав кард, ки бар асоси он, Киев дар ивази тамдиди замони иҷораи пойгоҳи баҳрии артиши Русия дар баҳри Сиёҳ гази Русияро бо нархи арзонтар дарёфт хоҳад кард. Лукашенка гуфт, Русия барои 2 пойгоҳе, ки дар Беларус дорад, “ягон рубл, ягон тин ва ягон доллар” пардохт намекунад. Ӯ гуфт, якеи ин пойгоҳҳои шабакаи хабардории зиддимушакӣ ва дуввумӣ маркази мухобиротии киштиҳои зеридарёист.
Лукашенка афзуд, то замоне ки масъалаи нооромиҳои сиёсиии Қирғизистон ба рӯзномаи кори нишасти сарони Паймони амнияти дастаҷамъӣ шомил нашавад, ӯ дар ин нишасти ҷашнӣ, ки қарор аст, рӯзи 8 май, дар арафаи солгарди 65-уми пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ дар Маскав гузарад, ширкат нахоҳад варзид.
XS
SM
MD
LG