Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди духтарони заҳролудшуда ба 80 расид


Мақомоти Афғонистон ба таҳқиқи ҷузъиёти барқасдона заҳролуд кардани ҳудуди 80 духтари толибилм пардохтаанд. Мавриди охир ҳокии бо ҳамин иллат ба бемористон мунтақил шудани боз 13 духтар дар вилояти Қундуз аст. Ҳумоюни Хомӯш, мудири бемористони марказии вилоят гуфт, ин духтарон бо аломатҳои дарди сар, табларза ва дилбеҳузуршавӣ бистарӣ шуда, вале вазъашон феълан мӯътадил аст.
Дар ҳафтаи гузашта ибтидо ҳудуди 20 духтар ва рӯзи шанбе 47 духтару 3 омӯзгори онҳо бо айни аломатҳо ба бемористони Қундуз оварда шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG