Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътои орои баландтар ба Чин аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ


Бонки ҷаҳонӣ розӣ шуд, ба Чин ҳаққи баъд аз Амрикову Ҷопон севвуми раъйдиҳӣ дар ин ниҳоди молии иборат аз 186 кишварро қоил шавад. Ин тасмим мақоми Чинро дар Бонки ҷаҳонӣ нисбат ба қудратҳои ғарбие, чун Олмону Фаронса ва Бритониё хеле болотар мебарад ва ба иқтисодҳои дар ҳоли рушд раъйи баландтар эъто мекунад. Кишварҳое, чун Чину Бразил ва Ҳинду Русия дер боз аз нақши беш аз ҳадди Амрикову кишварҳои Аврупо дар иттихози тасмимҳои Бонки ҷаҳонӣ шикоят доштанд.
XS
SM
MD
LG