Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сингҳ имрӯз бо Карзай мулоқот мекунад


Имрӯз сарвазири Ҳинд Мунмаҳон Сингҳ ва раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай дар як мулоқот дар Деҳлии нав силсилаи масоиле, сар карда аз ҳамкориҳои дуҷониба то амнияти минтақаро баррасӣ хоҳанд кард. Ин музокирот ҳамагӣ ду моҳ баъд аз ҳалокати 9 ҳиндитабор дар Кобул бар асари як ҳамлаи маргталабона доир мешавад.
Ҳинд дар он ҳамла гурӯҳи тундрави Лашкари Таййибаро, ки дар Покистон асос ёфтааст, айбдор мекунад.
Мунмаҳон Сингҳ ғолибан Карзайро алайҳи музокирот бо Толибон, ки эътилофи байналмилалӣ аз он пуштибонӣ мекунад, ҳушдор хоҳад дод. Ҳинд яке аз бозигарони фаъол дар барномаҳои эъмори муҷаддади Афғонистон маҳсуб шуда, дар пайи суқути давлати Толибон ба Кобул ба маблағи беш аз 1 миллиард доллар кӯмак кардааст.
XS
SM
MD
LG