Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

35 фоиз афзудани мавориди худкушӣ дар Суғд


Мизони худкушӣ дар вилояти Суғд тайи 3 моҳи аввали соли равон қариб 35 дарсад афзудааст. Имсол дар шимоли Тоҷикистон 85 мавриди қасд ба ҷони худ кардани афрод сабт шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 22 маврид зиёдтар аст. Аммо танҳо дар қиболи 3 нафар бо иттиҳоми ба ҳадди худкушӣ расондани афрод парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Дар 47 маврид мардон ва дар 38 маврид занон даст ба ҷони худ зада, 15 нафар аз ин шумор ноболиғон будаанд.
XS
SM
MD
LG