Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба духтарони мактабхони афғон


Мақомоти Афғонистон имрӯз гуфтанд, масъалаи бемории 80 духтареро таҳқиқ мекунанд, ки дар як ҳафтаи гузашта зоҳиран онҳоро масмум ва ё заҳролуд кардаанд. Имрӯз дар ин мадраса дар маркази вилояти Қундуз 13 духтар бемор шудаанд ва бо аломатҳои дарди сар, қай кардан ва табларза. Ҳумоюн Хомӯш, сартабиби шифохонаи марказии Қундуз гуфтааст, рӯзи шанбе 47 духтар ва се омӯзгори онҳоро баъди шикоят аз чархидани сар ва дилбеҳузурӣ ба шифохонаи онҳо овардаанд ва 20 духтари дигар бо ҳамин аломатҳо ҳафтаи гузашта бистарӣ шудааст. Вай гуфт, ки вазъи беморон хуб аст. Дар се соли гузашта ҳамлаҳо бо гази хатарнок дар Афғонистон мушоҳида шудааст.
XS
SM
MD
LG