Пайвандҳои дастрасӣ

Гурӯҳи WHO вориди Тоҷикистон мешавад


Қарор аст, имрӯз чаҳор нафар аз коршиносони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (WHO)барои арзёбии вазъи хуруҷи бемории полиомелит ва ё фалаҷи атфол вориди Тоҷикистон шаванд. Бино ба гузоришҳо, ин бемории хатарнок дар манотиқи ҷанубуғарбии Тоҷикистон хуруҷ карда ва то кунун 10 кӯдакро куштааст. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, мунтазири натиҷаҳои ташхиси бемории 128 кӯдаки дигар аст, ки эҳтимол меравад, вирус ба онҳо ҳам сироят карда бошад. Тоҷикистон соли 2002 кишвари орӣ аз полиомелит эълом шуд ва эҳтимоли сирояти беморӣ ба Тоҷикистон аз Афғонистон ва Покистонро дур намедонанд, ки полиомелит дар ин ду кишвар паҳн шудааст.
XS
SM
MD
LG