Пайвандҳои дастрасӣ

"Куртасурхҳо"-и эътирозгар ранги худро тағйир медиҳанд


Эътирозгарони ҷонибдори нахуствазири барканоршудаи Таиланд Таксин Шинаватра бо номи "куртасурхҳо" маъруф шудаанд

Эътирозгарони ҷонибдори нахуствазири барканоршудаи Таиланд Таксин Шинаватра бо номи "куртасурхҳо" маъруф шудаанд

Баъди қавли Абҳисит Веҷаҷива, нахуствазири Таиланд, пас аз талоши поксозии маркази шаҳри Бангкок аз ҳузури мухолифини сурхпӯш, ин тазоҳургарон аз тарси дастгир шудан ранги либосҳояшонро тағйир медиҳанд.

Ҳукумати Тайиланд талош дорад, то аз бузургтар шудани издиҳоми тазоҳургарон, ки дар марказҳои муҳими шаҳр нишеман задаанд, ҷилавгирӣ кунад.

Се ҳафта боз сурхпӯшҳои мухолиф ба ҳукумат ва тарафдори нахуствазири барканоршуда Таксин Шинаватра дар шаҳри Бангкок ҷамъ омада ва аз ҳукумат мехоҳанд, то порлумонро пароканда ва интихоботи зудрас баргузор кунад. Аммо Абҳисит Веҷаҷива, нахуствазири феълӣ, талабҳои онҳоро рад мекунад.

Коркаев Пикултҳонг, яке аз пешвоёни сурхпӯшон гуфт, онҳо азм доранд, то тазоҳуротро идома бидиҳанд, аммо барои ба дасти мақомот наафтодан, шеваҳои тазоҳуротро тағйир хоҳанд дод.

Вай афзуд, «барои ҳалли ин мушкил, мо аз тарафдоронамон хостем, ки либосҳои сурхи худро ба ҳар ранги дигар иваз кунанд, то боздошт нашаванд ва дар раҳпаймоиҳои мо ширкат карда тавонанд».

Абҳисит Веҷаҷива, рӯзи якшанбе дар як барномаи аз қалб забтшуда дар телевизиони Таиланд зоҳир шуд ва гуфт, пешниҳоди мусолиҳаи сурхпӯшҳо самимӣ ба назар намерасад ва аз ин рӯ талаби онҳо барои баргузории интихоботи зудрасро намепазирад. Вай қавл дод, ки бо истифода аз зӯр, ҳазорон тазоҳургарро, ки дар марказҳои муҳими тиҷоратӣ нишеман задаанд, меронад.

Нахуствазири Таиланд гуфт, «ман ҳеҷ гоҳ роҳи ҳалли ин бӯҳрони сиёсиро рад накардаам, аммо мо бояд бидонем, ки роҳи ҳалли бӯҳрон набояд бар терорризм, истифодаи хушунат ва ё таҳдид асос ёфта бошад. Роҳи ҳал набояд бар асоси пешшартҳо, аз ҷумла чунин навъи таҳдидҳо асос ёфта бошад».

Ҳукумати Таиланд, қасд дорад, ҳам аз роҳҳои нарм ва ҳам аз роҳи зӯр, тазоҳургаронро ба тарки маркази шаҳр водор кунад. Анупонг Паочинда, фармондеҳи артиши Таиланд, ҳамроҳ бо нахуствазир дар телевизион зоҳир шуд ва гуфт, нерӯҳои артиш, тазоҳургаронро, ки дар 3 километри мураббаъ дар маркази нишеман задаанд, пароканда хоҳад кард. Аммо гуфт вай, тазоҳургарони тундрав бояд аз занону кӯдакон ҷудо карда шаванд. Ҳар талоши рондани тазоҳургарон аз шаҳр, бо хатари хушунату қурбонӣ ҳамроҳ аст.

Шаҳри Бангкок бо 15 миллион сокин, дар вартаи хатар қарор дорад, зеро таркиши норинҷак дар се рӯзи пеш, як нафарро дар ин шаҳр кушта ва 88 тани дигарро маҷрӯҳ кард. Ҳукумат сурхпӯшонро масъули ин ҳамла хондааст, аммо онҳо ин иддаъоро рад мекунанд. Бар асари бархӯрди тазоҳургарон ва сарбозони артиш дар рӯзи 10 апрел дар Бангкок 25 нафар кушта ва 800 тани дигар захмӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG