Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарти Олмон барои ироаи кӯмаки молӣ ба Юнон


Волфганг Шойбл, вазири дороии Олмон, гуфт, Юнон пеш аз гирифтани кӯмакҳои молӣ барои наҷот аз бӯҳрон бояд ба иҷрои иқдомоти сахти коҳиши хароҷот аз буҷаи давлат, тавофуқ кунад. Ӯ ба рӯзномаи олмонии “Билд” гуфт, накардани ин кор, метавонад, дар гирифтани кӯмакҳои молӣ мушкил эҷод кунад. Пеш аз ин Сандуқи Байналмилалии Пул ва Бонки Ҷаҳонӣ масъалаи наҷоти молии Юнонро гуфтанд, омодаанд, ба ин кишвар кӯмак кунанд ва аз Юнон хостанд, то барои коҳиши хароҷоти буҷаи давлат тадобири қотеъонаро идома диҳад. Ҳукумати Юнон умедвор аст, аз кишварҳои ҳавзаи пули евро, 40 миллиард ва аз Сандуқи Байналмилалии Пул тақрибан 13,3 миллиард доллар қарз дарёфт мекунад. Олӣ Рейн, як мақоми баландпояи Кумиссиёни Аврупо гуфт, бовар дорад, ки ин қарзҳо то авоили моҳи май ба Юнон дода мешавад, зеро “бӯҳрони Юнон метавонад,барои суботи молӣ дар Иттиҳодияи Аврупо ва дар тамоми ҷаҳон” мушкилот эҷод кунад.
XS
SM
MD
LG