Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон дар размоиш панҷ мушак озмоиш кард


Сипоҳи Посдорони Инқилоби Эрон имрӯз ҳангоми размоиш дар тангии Ҳурмуз дар Халиҷи Форс, панҷ мушакро озмоиш карданд, ки як роҳи аслии таъмини бозорҳои ҷаҳонӣ бо нафт маҳсуб мешавад. Хабаргузории "Форс" гуфтааст, ки дар тамринҳои низомӣ, мушакҳои "замин ба замин" ва "замин ба дарё", ба як ҳадаф расиданд. Размоишҳо дар тангии Ҳурмуз дар замонест, ки танишҳои Ғарбу Эрон бар сари барномаҳои баҳсбарангези атомии ин кишвар авҷ гирифтааст. Ғарб мегӯяд, Эрон мехоҳад пинҳонӣ бомби атомӣ бисозад, иддаъое, ки ҳукумати Эрон рад кардааст. Ҳафтае пеш, вазорати дифоъи Амрико гуфт, бо вуҷуди идомаи талошҳои дипломатӣ барои монеъ шудан ба дастёбии Эрон ба силоҳи атомӣ, амалиёти ҳарбӣ ҳамчунон як гузина барои ин кор боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG