Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсияи Бонки Ҷаҳонӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ


Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, кишварҳои Осиёи Марказӣ, баъди бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ имсол шоҳиди рушди кунди иқтисодӣ хоҳанд буд. Филлип Ду Луеру, муовини раиси Бонки Ҷаҳонӣ дар умури кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ мегӯяд, соли 2010 соли сахте барои кишварҳои ҳарду минтақа хоҳад буд, рушди иқтисодии онҳо имсол танҳо 3 дар сад хоҳад буд. Бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ, барои кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ ҷабри зиёде кард ва соли 2009 13 миллион нафари дигар ба сафи камбизоатону қишри осебпазир пайваст. Бонки Ҷаҳонӣ ба кишварҳои минтақа тавсия додааст, то дар ин замони мушкил, харҷи иҷтимоиашонро беш аз ҳама ба мӯҳтоҷону афроди осебпазир равона кунанд.
XS
SM
MD
LG