Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бангкок барои нооромиҳои бештар омода мешавад


Бангкок имрӯз худро ба нооромиҳои бештар омода мекунад, зеро Абҳисит Веҷаҷива, нахуствазири Таиланд, пешниҳоди мусолиҳа бо тазоҳургарони мухолифашро рад кард, ки майдони марказии шаҳрро ишғол кардаанд. Абҳисит Веҷаҷива ҳамроҳ бо фармондеҳи артиш дар телевизиони миллӣ зоҳир шуд ва ваъда дод, ки қалби тиҷоратии Бангкокро аз тазоҳургарони зиддиҳукуматӣ пок хоҳад кард, аммо нагуфт, ки нерӯҳои амниятӣ кай даст ба кор хоҳанд шуд. Тазоҳургарон дар Бангкок ҳукумати Абҳисит Веҷаҷиваро номашрӯъ медонанд ва талаб доранд, то интихоботи нав баргузор шавад. Бино ба гузоришҳо аз Бангкок, раҳбарони мухолифин аз тарафдорони худ хостаанд, мунтазири амалиёти ногаҳонии нерӯҳои амниятӣ бошанд. Аз замони тасарруфи маҳаллҳои муҳими саёҳӣ ва тиҷоратӣ дар шаҳри Банкок дар як моҳи пеш, бар асари бархӯрдҳои хушунатбор 26 нафар кушта ва тақрибан 1000 нафари дигар маҷрӯҳ шудааст.
XS
SM
MD
LG