Пайвандҳои дастрасӣ

Баёнияи Барак Обама дар мавриди куштори арманиҳо


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, бо гиромидошти хотираи қурбониёни куштори дастаҷамъии арманиҳо аз сӯи туркони усмонӣ, ин кушторро яке аз бадтарин ҷиноёти асри 20 хонд, вале аз истифодаи калимаи “наслкушӣ” парҳез кард. Рӯзи гузашта дар Арманистон 95 -умин солгарди қатли арманиҳо аз тарафи туркони усмонӣ дар замони Ҷанги Ҷаҳонии Якумро ёд карданд. Садҳо ҳазор нафар дирӯз дар пояи маҷмаъи ёдгорӣ дар шаҳри Ереван гул гузоштанд. Серж Саркиссиён, раиси ҷумҳури Арманистон, қатли дастаҷамъии арманиҳоро “бо вусъати бесобиқа, ғайриинсонӣ ва бо паёмадҳои сангин” хонд. Туркия қатли омми арманиҳо “наслкушӣ” намедонад ва мегӯяд, кушташудаҳо қурбонии ҷанги шаҳрвандиву бесарусомониҳои ахир дар империяи туркони усмонӣ будаанд.
XS
SM
MD
LG