Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи хонуми Меҳдӣ Каррубӣ доир ба шавҳараш


Хонуми Меҳдӣ Каррубӣ, раҳбари мухолифини Эрон мегӯяд, ҳар иттифоқе агар барои аъзои хонаводаи ӯ рух диҳад, режими Ҷумҳурии Исломӣ масъули он хоҳад буд. Фотима Каррубӣ, зимни нашри баёнияе гуфтааст, хонаводаи Каррубӣ, имрӯзҳо ба хотири ҳимояти сареҳ ва қотеъ аз мардуми мазлум, аз амнияти ҳадди аққал маҳрум аст. Ӯ мисол овардааст, ки чанде пеш дар ғайби онҳо гурӯҳи афроди мусаллаҳ ба манзили онҳо дар шаҳри Теҳрон ворид шудаанд. Ӯ ҳамчунин мегӯяд, гурӯҳи тундравоне, ки моҳи март дар манзили онҳо харобкорӣ карданд, муздурони мақомоти “фосид“ будаанд. Меҳдии Каррубӣ ва Мир Ҳусейни Муссавӣ тазоҳуроти азими баъди интихоботи моҳи июн дар Эрон алайҳи Маҳмуди Аҳмадинажодро раҳбарӣ карданд.
XS
SM
MD
LG