Пайвандҳои дастрасӣ

Гирдбоди шадид дар Миссисипӣ 10 нафарро кушт


Бар асари гирдбоди шадид ва ё торнадо дар иёлати Миссисипӣ, воқеъ дар ҷануби Амрико, 10 тан кушта ва даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Якчанд нафари кушташудагон кӯдакон будаанд.

Бино ба иттилои расонаҳои амрикоӣ, юриши гирдбод дар ҳоли ҳозир идома дорад ва эҳтимол меравад, ки шумори кушташудагон ва захмиҳо афзоиш ёбад.

Барои наҷоти мардуми ин маҳал ва кумак ба осебдидагон дар ҳоли ҳозир гурӯҳҳои наҷотбахш талош доранд.

Паҳнои торнадо якуним километрро дар бар мегирад. Дар самти ҳаракати он бисёре аз дарахтон решакан ва биноҳои зиёде валангор шудааст.

Мақомоти Миссисипӣ дар ин иёлат ҳолати изтирорӣ эълом кардаанд. Ба гуфтаи волии иёлати Миссисипӣ, дар пайи торнадо мардуми зиёде бе хонаву дар мондаанд. Ҳаҷми умуми хисороти гирдбод муайян нашудааст.

Сокинони иёлатҳои ҳамсояи Миссисипӣ - Луизиана, Арканзас ва Алабама низ бо ҳарос ба сар мебаранд ва иддае аз он хонаҳои худро тарк мекунанд, зеро торнадо бо шиддат ба самти ин иёлот ҳаракат дорад.

Миссисипӣ, ки дар наздикии баҳр воқеъ аст, яке аз манотиқи гирдбодхез маҳсуб мешавад. Ду сол қабл дар ин минтақа тундбоди шадиде рух дод, ки ҷони 60 нафарро гирифт ва ба маблағи даҳҳо миллион доллар зарар ворид кард.
XS
SM
MD
LG