Пайвандҳои дастрасӣ

Кашфу забти силоҳ дар як ҳавопаймои Русия


Хадамоти гумруки Қазоқистон рӯзи шанбе эълом кард, ки дар як ҳавопаймое, ки аз шаҳри Қандаҳори Афғонистон озими Дания будааст, силоҳу муҳимоти ҷангӣ кашфу забт кардааст. Аслиҳаро дар ҳавопаймое, ки дар шаҳри Чимкент барои гирифтани сӯхт фуруд омадааст, рӯзи 13 март пайдо кардаанд. Хадамоти гумруки Қазоқистон гуфт, аслиҳа дар ҳавопаймои Ил-76 мутаалиқ ба як ширкатҳои Русия ёфт шудааст ва онро мехостаанд, ба Дания интиқол бидиҳанд. Ҳукумати Дания барои ин қазия аз Қазоқистон расман пӯзиш хоста ва ба ин кишвар ҷарима пардохтааст.
XS
SM
MD
LG