Пайвандҳои дастрасӣ

Австрия дар бунёди Маҷрои Ҷанубӣ ширкат мекунад


Австрия имрӯз созишнома дар мавриди ширкати ин кишвар дар тарҳи бунёди лӯлаи газеро имзо кард, ки гази Русияро ба бозорҳои Аврупо интиқол медиҳад. Рейнҳолд Миттерлеҳнер, вазири иқтисод ва Сергей Шматко, вазири энержии Русия қарордод дар мавриди бунёди лӯлаи гази Маҷрои Ҷанубиро дар шаҳри Вена имзо карданд. Алексей Миллер, мудири ширкати “Газпром” ва Волфганг Руттенрсторфер, мудири ширкати газу энержии Австрия қарордоди дигаре дар заминаи ҳамкориро низ ба имзо расониданд.
XS
SM
MD
LG