Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бемории фалаҷи кӯдакон дар Тоҷикистон хуруҷ карда ва то кунун бар асари ин беморӣ, бино ба гузоришҳо 10 кӯдак кушта шудааст. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар соли 2002 кишвари орӣ аз фалаҷи кӯдакон эълон шуда буд.

Бемории полиомелит ва ё фалаҷи кӯдаконро вируси хатарноке бармеангезад, ки ба аъсоби инсон, сироят намуда ва дар муддати кӯтоҳе ӯро аз пой меафтонад.

Беш аз 100 гирифтори фалаҷ

Сона Берӣ, сухангӯи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, то кунун ташхисҳои озмоишгоҳӣ вуҷуди ин вирус дар ҳафт кӯдаки тоҷикро таъйид кардааст ва ҳам бими он меравад, ки 100 нафари дигар ҳам ба бемории фалаҷи кӯдакон гирифтор шудаанд.

Вай афзуд, ”бештар аз 100 мавриди фалаҷ гузориш шудааст, ки барои Тоҷикистони кӯчак рақами бисёр бузург аст. Аммо на ҳамаи онҳо ташхис ва таъйид шудаанд. Бояд ташхиси озмоишгоҳӣ сурат бигирад, то муаяйн кунем, дар воқеъ онҳо ба фалаҷ гирифтор шудаанд ё хайр. То ҷое ки ман медонам, дар ҳафт кӯдак бемории фалаҷ ташхис шудааст, аммо мо мунтазири натиҷаҳои ташхиси бақияи онҳо ҳастем.“

То рӯзи 21 апрел дар Тоҷикистон 120 мавриди бемории фалаҷ сабт шудааст ва хуруҷи якбораи он мақомоти кишварро водор кардааст, то Созмони Ҷаҳонии Беҳдоштро аз қазия огаҳ кунанд.

Сафари коршиносони СҶБ ба Тоҷикистон

Сона Берӣ гуфт, гурӯҳе аз коршиносони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт барои арзёбии вазъи хуруҷи беморӣ ва раҳнамоӣ ба Душанбе сафар кардаанд, то ҳамроҳ бо мақомоти беҳдоштӣ, иқдомоти оянда барои монеъ шудан ба густариши вирус дар Тоҷикистонро баррасӣ кунанд.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, бемории фалаҷи кӯдакон дар шимолуғарби Тоҷикистон ва дар манотиқи ҳаммарз бо Афғонистон мушоҳида шудааст.

Сона Берӣ, ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз сарчашмаи вируси барангезандаи бемории фалаҷ дар Тоҷикистон маълум нест, зеро ташхиси генетикии вирус такмил нашудааст. Аммо, гуфт Сона Берӣ, сухангӯи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, эҳтимол аст, ки беморӣ аз Афғонистон ва ё Покистон, ки фалаҷи кӯдакон дар ҳарду кишвар доман паҳн кардааст, ба Тоҷикистон сироят карда бошад.

Ба гуфтаи ӯ, “Тоҷикистон бахши аврупоии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт маҳсуб мешавад ва соли 2002 кишвари орӣ аз бемории фалаҷи кӯдакон эълом шуд. Вируси фалаҷ метавонист, аз ҳар куҷое ба Тоҷикистон сироят кунад, чун ин вирус метавонад, масофаҳои тӯлониеро тай кунад. Вируси фалаҷ, аз Ҳинд то ба Ангола ва Африқо расидааст. Аз он хотир ки Афғонистону Покистон аз назари ҷуғрофӣ ба Тоҷикистон наздиканд, аз ин рӯ эҳтимол дорад, аз дигар ҷойҳо ва ё аз яке аз ин кишварҳо ба Тоҷикистон сироят карда бошад. “

Ба гуфтаи Ҳонгвей Гао, раҳбари дафтари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, аксари гирифторони беморӣ кӯдакони то панҷсола ҳастанд ва зарур аст, ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши нигаронкунандаи фалаҷ ва ҳифзи ҷони кӯдакон дар Тоҷикистон, маъракаи саросарии ваксинзанӣ анҷом шавад.

Ваксина барои 1 миллион кӯдак

Сонӣ Берӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, ҳамроҳ бо ЮНИСЕФ ва Маркази назорат бар бемориҳо дар Амрико ба Тоҷикистон барои ваксинзании саросарӣ кӯмак хоҳанд кард. Қарор аст, 1 миллион нафар кӯдакони то синни панҷсола алайҳи бемории фалаҷи кӯдакон ваксин зада шаванд.

Ваксинаҳо аз ҳоло дар роҳ ба сӯи Тоҷикистон аст. Онҳоро аз анборҳои созмон дар шаҳри Копенҳаген ба зудӣ ба Тоҷикистон мефиристанд ва ба андешаи ман, онҳо на дертар аз рӯзи сешанбе ва ё чаҳоршанбеи оянда мерасанд. Ваксинҳоро сипас дар саросари кишвар тавзеъ мекунанд.

Маъракаи ваксинзанӣ бо нақшабандӣ шурӯъ мешавад ва маъмурони беҳдоштӣ дар ба дари хонаҳо рафта ва тамоми кӯдакони то синни панҷсоларо ваксин мезананд. Нақшабандӣ ва тамрини маъмурони беҳдоштӣ чанд рӯз дар бар мегирад ва фикр мекунам, маъракаи ваксинзании саросарӣ, аз аввалҳои моҳи май шурӯъ мешавад.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, ваксинзанӣ алайҳи бемории фалаҷи кӯдакон дар се марҳила анҷом хоҳад шуд. Дар Тоҷикистон охирин мавриди таъйидшудаи бемории фалаҷи кӯдакон дар соли 1997 мушоҳида шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG