Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин бо раҳбарони Австрия мулоқот кард


Владимир Путин, нахуствазири Русия, имрӯз дар шаҳри Вена бо мақомоти Австрия дар мавриди бунёди лӯлаи гази Маҷрои Ҷанубӣ, гуфтӯгу мекунад. Лӯлаи мазкур дар сурати бунёд, гази Русияро аз тариқи бистари Баҳри Сиёҳ то ба Австрия ва бозорҳои дигари Иттиҳодияи Аврупо мерасонад. Баъди мулоқоташ бо Вернер Фейман, садри аъзам ва Ҳейнз Фишер, раиси ҷумҳури Австрия, Владимир Путин дар мусобиқаи дзюдо барои дарёфти унвони қаҳрамони Аврупо ҳузур хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG