Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои созмонҳо барои озодии хабарнигори озарӣ


Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Озарбойҷон хостанд, то бо иҷрои ҳукми Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Инсон Айнулло Фатҳуллоев, муҳарири як рӯзномаи пуртарафдорро аз зиндон раҳо кунанд. Айнулло Фатҳуллоевро, додгоҳи Озарбойҷон бо гуноҳи тавҳин, барангехтани терроризм ва сарпечӣ аз пардохти молиёт ба ҳаштуним оли зиндон маҳкум кардааст. Хабарнигорони Бидуни Марз, ва Кумиссионери Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот, аз Озарбойҷон хостанд, то Айнуллоҳ Фатҳуллоев, хабарнигори рӯзномаи “Озарбойҷони воқеъӣ”-ро фавран аз зиндон раҳо кунанд. Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Инсон рӯзи 22 апрел бо судури ҳукме зиндонӣ кардани Фатҳуллоев, нақзи фоҳиши озодии баён хонда ва аз ҳукумати Озарбойҷон хост, ӯро фавран аз зиндон раҳо кунад.
XS
SM
MD
LG