Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди куштори дастаҷамъии арманиҳо


Даҳҳо ҳазор нафар имрӯз бо гулгузорӣ дар пояи маҷмаъи ёдгорӣ дар шаҳри Ереван, хотираи қурбониёни куштори дастаҷамъии арманиҳо аз сӯи туркони усмонӣ гиромӣ доштанд. Дар маросими солгарди ин куштор, ки дар поёни Ҷанги Ҷаҳонии Аввал иттифоқ афтод, Серж Саркиссиён, раиси ҷумҳури Арманистон, гуфт, ба ҳайси наслкушӣ ва ё геносид эътироф шудани куштори дастаҷамъии арманиҳо ногузир аст. Гурӯҳе аз зиёиёни турк ва фаъолони ҳуқуқи инсон рӯзи шанбе аз ҳамватанони худ хостанд, бо пайвастан ба онҳо бо сукут хотираи қурбониёни арманиро гиромӣ доранд. Ҳудуди 100 нафар аз онҳо имрӯз дар шаҳри Истанбул ҷамъ омаданд ва пулис ҳам онҳоро оромона мушоҳида кард. Туркия мегӯяд, куштори дастаҷамъии арманиҳо наслкушӣ набуда, балки бар асари бесарусомониҳои солҳои ахири Ҷанги Ҷаҳонии Якум будааст.
XS
SM
MD
LG