Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки молӣ ба Юнони гирифторро баррасӣ мекунанд


Сандуқи байналмилалии пул ва Бонки Ҷаҳонӣ имрӯз дар шаҳри Вашингтон масъалаи дархости қарзи Юнони гирифтор ба мушкилоти молиро баррасӣ хоҳанд кард. Юнон аз Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пул хост, то масъалаи ихтисоси 45 миллиард доллар барои наҷоти кишвар аз чанги бӯҳрони молиро баррасӣ кунанд. Интизор меравад, ки Сандуқи Байналмилалии Пул ба Юнон бигӯяд, ки ислоҳоти иқтисодӣ ва аз ҷумла коҳиши харҷҳои давлатиро ҳамчунон идома диҳад. Юнон интизор дорад, ки нахустин бахши қарзи азимро то рӯзи 19 май дарёфт мекунад.
XS
SM
MD
LG