Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хуруҷи бемории фалаҷи атфол дар Тоҷикистон


Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гурӯҳе аз коршиносони худро барои таҳқиқи хуруҷи бемории хатарноки полиомелит, ё бемории фалаҷи атфол ба Тоҷикистон фиристодааст. Ин беморӣ, то кунун ба 126 кӯдак дар Тоҷикистон сироят карда ва 10 нафарро ҳам куштааст. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, ташхиси озмоишгоҳӣ нишон дод, ки вируси полиомелит, сабаби хуруҷи ногаҳонии ин беморӣ дар шимолуғарби Тоҷикистон будааст. Айни замон ЮНИСЕФ, Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал эълом кард, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз беморӣ дар миёни 1 миллион кӯдак маъракаи васеъи ваксинзанӣ дар миёни кӯдакон дар Тоҷикистонро шурӯъ хоҳад кард. Барои ин бештар аз 3 миллион ваксина ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад. Тоҷикистонро соли 2002 кишвари орӣ аз полиомелит эълом карда буданд.
XS
SM
MD
LG