Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми Эмомалӣ Раҳмон ба порлумони Тоҷикистон


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз нахустин паёмаш ба порлумонро ироа кард. Ӯ аз ҷумла доир ба сиёсати хориҷиву дохилии кишвар сӯҳбат кард ва дар иртибот ба масъалаи рақами аввал дар Тоҷикистон, яъне фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғун гуфт, намегузорад, то саҳмияҳо иҷборан фурӯхта шавад, чизе ки шикоят аз он зиёд будааст. Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба таҳаввулот дар Қирғизистон гуфт, Тоҷикистон, ки шоҳиди ҷанги шаҳрвандӣ будааст, ҷонибдори чунин ҳаводис дар кишвари ҳамсояааш нест. Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин доир ба фасоди густурда дар Тоҷикистон сӯҳбат кард ва хостори маҳви ин зуҳурот шуд. Раиси ҷумҳур аз ҳам пошидани хонаводаҳои ҷавонро як мушкили ҷиддӣ номида ва хост, то синни ақди никоҳ дар кишвар аз 17 то ба 18 сол боло бурда шавад.
XS
SM
MD
LG