Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олиии Тоҷикистон эълом кард, ки харидуфурӯши иҷбории саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғун "қатъиян манъ аст".

Дар иҷлосияи муштараки Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ба манзури шунидани паёми президент бар иловаи вакилони мардумӣ, ҳамчунин раҳбарони вазоратҳову кумитаҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ, намояндагони сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ, раисони аҳзоби сиёсӣ ва фарҳангиён ҳузур доштанд.

"Мо қасди яккатозӣ надорем"

Эмомалӣ Раҳмон нигарониҳои бархе аз кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистонро дар мавриди иҷрои тарҳҳои энержӣ бепоя хонд ва гуфт Тоҷикистон мақсади яккатозӣ дар ин майдонро надорад ва зимни иҷрои ин тарҳҳо манофеъи кишварҳои ҳамсояро сарфи назар нахоҳад кард.

Ӯ гуфт, ки Тоҷикистон омодагии худро барои анҷоми таҳқиқоти фаннӣ ва экологии тарҳи "Роғун" иброз доштаааст ва пас аз имзои як санад бо Бонки ҷаҳонӣ дар ин маврид, ҳамаи кишварҳои ҳамсоя дар ҷараёни он қарор дода шудаанд.

Аммо раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамзамон гуфт, ки Тоҷикистон аз СММ ва ниҳодҳои дигари байналмилалӣ хостааст, то бозрасии низоми обрасонӣ дар минтақа, вазъи истифодаи захираҳои обро анҷом диҳанд, то ба сару садо ва тӯҳматҳои бепоя дар ин замина хотима дода шавад.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки Тоҷикистон бо вуҷуди он ки захираҳои бузурги оби минтақаро дар ихтиёр дорад, фақат то 7 дарсади ин захоирро истифода мекунад.

Ӯ гуфт, ки бо пеш омадани мушкили дастрасӣ ба оби ошомиданӣ дар оянда ишора кард ва гуфт, ки барои рафъи ин мушкили эҳтимоӣ мешавад аз кӯли Сарез истифода кард.

"Моро бояд дуруст дарк кунанд"

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо таъкид ба мушкилоти энержии кишвараш ва адами дастрасӣ ба манобеъи дигари энержӣ назири нафту газ, гуфт, ки ҳамсояҳо бояд ниёзи Тоҷикистон ба энержии обиро дарк кунанд.

Ӯ афзуд, "Тибқи ойиномаи СММ ҳар кишвар метавонад аз сарватҳои табиъие, ки дорад ба нафъи мардум ва кишвараш истифода кунад. Тоҷикистон ҳам аз захоири энержии обӣ истифода хоҳад кард, аммо ҳамсоягонашро беоб нахоҳад гузошт!".

Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба азмаш барои сохтмони Роғун таъкид кард ва гуфт, анҷоми ин кор барои таъмини амнияти энержӣ ва паст кардани сатҳи вобастагии кишвар аз воридоти сўзишворӣ муҳим мебошад.

Соли рафъи пайомадҳои бӯҳрон

Раисиҷумҳур суханронии худро дар ин иҷлосия аз мавзӯи рафъи пайомадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ дар кишвар оғоз кард ва гуфт, зарари бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ба Тоҷикистон беш аз 1 миллиард сомониро ташкил додааст. Вале, ба қавли ӯ, Тоҷикистон мушкили бӯҳронро пушти сар мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон соли 2010-ро ҷорӣ соли бартараф кардани таъсири бӯҳрон номид. Вай гуфт, тайи се моҳи имсол ҳаҷми истеҳсолот дар ҳаҷми умумии буҷа афзоиш ёфтааст, ки нишонаи беҳбудёбии вазъи кишвар аст.

"Фурӯши иҷбории саҳмияҳо манъ аст"

Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми кишвар барои саҳмгузорӣ дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун изҳори ташаккур кард. Вай таъкид намуд, ки дар ҷараёни фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун набояд ба маҷбурсозӣ роҳ дода шавад.

“Тамоми роҳҳои иҷбории харидуфурӯши саҳмияҳо қатъиян манъ аст. Ман ба додситони кулл дастур додам ва ҳар нафаре, ки мехоҳад аз роҳи маҷбурӣ маблағи саҳмияро рӯёнад, дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт”, - афзуд ӯ.

Ҷаноби Раҳмон эълом кард, ки саҳмгузорӣ дар сохтмони Роғун бояд ихтиёрӣ ва озод сурат бигирад.

Вокуниш ба таҳаввулоти Қирғизистон

Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳаводиси Қирғизистон дар суханронии худ ишора кард. Вай хеле кутоҳ гуфт, ҳарчанд ин ҳаводиси дохили Қирғизистон буд, вале ин таҳаввулот наметавонад боиси нигаронии мо набошад.

"Мардуми Тоҷикистон як ҷанги дохилиро паси сар кардааст ва ҳеҷ гоҳ ҷонибдори ба ин монанд ҳаводис дар кишварҳои ҳамсоя нест", - афзуд ӯ.

Ришватхорӣ ва фасод

Як бахши аслии суханронии президент ба масъалаи ришватситонӣ ва фасод бахшида шуд. Президент ҷиддан таъкид кард, ки ниҳодҳои қудратӣ, ба мисли вазорати амният ва додситонӣ, ба сурати умум ниҳодҳои қудратии кишвар, барои худ як ҳалқае сохтаанд, ки дар ҳодисаҳои ришватситонӣ таъсирпазир нестанд.

Вай гуфт, ки ба ин падида комилан хотима бояд дод, новобаста аз он, ки корманди қудратӣ ва ё ғайриқудратӣ ба фасод даст мезанад, ҳатман дар назди қонун ҷавоб диҳад ва ба ҷазо кашида шавад. Президент пешниҳод кард, ки таомми идороти Тоҷикистон ҷиҳати рафъи судхурӣ ва ришватситонӣ чораҳои амалӣ ҷӯянд.

Издивоҷҳои бармаҳал

Эмомалӣ Раҳмон аз издивоҷҳои бармаҳал ва афзоиши ҳодисаҳои фурӯпошии оилаҳои ҷавонон ёдовар шуд. Тайи панҷ соли ахир теъдоди талоқ дар байни оилаҳои ҷавон қариб ду баробар афзудааст ва яке аз сабабҳои аслии ин раванд бармаҳал хонадор кардани ҷавонон аст.

Вай пешниҳод кард, ки синни никоҳ аз 17 ба 18-солагӣ, яъне як сол боло бурда шавад ва дар ин робита дар қонунгузории Тоҷикистон тағйирот ворид гардад.

Забон ва телефони мобил дар паёми солона

Дар бахши дигаре аз паёми солонаи худ ба порлумон, Эмомалӣ Раҳмон ба зарурати таҳким ва густариши забони давлатӣ ва омӯзиш додани он барои кормандони ниҳодҳои давлатӣ пардохт.

Ӯ ҳамчунин, ба боло бурдани сатҳи маънавии мардум, хоса занон ва ба зарурати беҳбуд бахшидани низоми таълиму тарбия низ таъкид кард.

Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба масъалаи истифодаи телефонҳои мобил ишора намуд ва ба зарурати танзими низоми истифодаи он ва назорати фаъолиятҳои молии ширкатҳои мобилӣ таъкид кард.

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон тавассути чаҳор шабакаи телевизиони миллӣ мустақиман пахш шуд.

Президент шаффофияти интихоботро кафолат дод. Паёми соли 2009-уми Эмомалӣ Раҳмон ба порлумон

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG