Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табибони Русия ба Тоҷикистон кумак хоҳанд кард


Мутахассисони Русия барои мубориза бо паҳншавии маризии полиомиелити фалаҷкунанда дар Тоҷикистон омодаанд. Ба иттилоъи дафтари матбуоти Роспотребнадзор, чанде қабл мақомоти Тоҷикистон бо ироаи номаи расмӣ хостори кумак дар ҷилавгирӣ аз ин маризӣ шуда буданд.
Хабаргузории ИТАР-ТАСС навиштааст, ки Тоҷикистон Созмони ҷаҳонии беҳдоштро низ аз сабти маризии полиомиелити фалаҷкунанда дар кишвар огаҳ кардааст. Ба иттилоъи вазорати ҳифзи сиҳати Тоҷикистон, аз 26 январ то 20 апрели соли равон дар кишвар 120 ҳодисаи гирифтории кудакони то 16 сола ба ин маризӣ ба қайд гирифта шудааст. Бар асари ин маризӣ 10 тифл аз олам даргузаштаанд.
Гурӯҳи мутахассисони Созмони ҷаҳонии беҳдошт барои пажуҳиши вазъ ва ироаи кумак аллакай вориди Тоҷикистон шудааст. Айни ҳол мавзӯъи интиқоли воксинаи ин маризӣ ба Тоҷикистон баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG