Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав аз додани раводид ба Далай-лама сарпечӣ кард


Мақомоти Русия аз додани раводиди сафар ба Далай-лама сарпечӣ карданд. Ба иттилоъи хабаргузории “Интерфакс”, чанде қабл ҷамоаи буддоиҳои Қалмиқистон хостори раводид барои Далай-лама шуда буд. Ламаи Қалмиқистон Тэло Тулку Ринпоче ба хабарнигорон гуфт, дар посухи Маскав ба ин дархост гуфта шудааст, ки ташрифи Далай-лама ба Русия боиси норозигии мақомоти Чин дар соле хоҳад шуд. ки ҳар ду кишвар пирӯзӣ дар ҷанги дуввуми ҷаҳонро таҷлил мекунанд. Дар ин нома ҳамчунин ишора шудааст, ки сафари Далай-лама ба Русия бар асари мухолифаташ бо Пекин мувофиқи матлаб нест.
XS
SM
MD
LG